Коронавирус дар Тоҷикистон: шумораи фавтидаҳо ба 104 нафар расид

Дар 24 соати гузашта шумораи гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон 34 мавриди дигар зиёд шуда, як нафар фавтидааст. Ин омори тозаест, ки Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардааст.  Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки 18 нафари дигар аз беморӣ наҷот ёфта, солим шудаанд. "Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 12 июл  дар кишвар 13868 нафар гирифторони сирояти коронавируси […]

Asia-Plus

Дар 24 соати гузашта шумораи гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон 34 мавриди дигар зиёд шуда, як нафар фавтидааст. Ин омори тозаест, ки Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардааст. 

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки 18 нафари дигар аз беморӣ наҷот ёфта, солим шудаанд.

"Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 12 июл  дар кишвар 13868 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13553 нафар (97,7%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 104 нафар фавтидаанд", – хабар медиҳад Вазорат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.