Даргузашти яке аз моликони артели “Одина” Қаюм Одинаев

Тоҷири маъруфи тоҷик Қаюм Одинаев, яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина” дар ҷануби Тоҷикистон чанде пеш дар бемористони Душанбе аз олам даргузашт. Багуфтаи пвйвандонаш, субҳи имрӯз дар зодгоҳаш – Шугнов маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд. Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки Қаюм Одинаеви 50-сола ахиран дар беморхонаи ба номи Аҳмедов, маъруф ба “1-ум Советский” бо […]

Тоҷири маъруфи тоҷик Қаюм Одинаев, яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина” дар ҷануби Тоҷикистон чанде пеш дар бемористони Душанбе аз олам даргузашт.

Багуфтаи пвйвандонаш, субҳи имрӯз дар зодгоҳаш – Шугнов маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки Қаюм Одинаеви 50-сола ахиран дар беморхонаи ба номи Аҳмедов, маъруф ба “1-ум Советский” бо бемории коронавирус бистарӣ шуда буд.

Артели “Одина” яке аз корхонаҳои начандони зиёд оид ба истихроҷи фулузот (металл)-ҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки танҳо бо сармоягузории тоҷирони тоҷик фаъолият мекунад.

Ин ширкатро соли 1999 бародарон Одинаевҳо ҳамчун артел таъсис дода, аз соли 2002 корхона ба истифодаи таҷҳизоти кӯҳкориву коркард оғоз намуд. Соли 2005 ширкат барои коркарди кон дар Шугнов, ки майдони умумиаш 134 гектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома дарёфт намуд. Соли 2007 ширкат ба коркарди амалии кон оғоз бахшид.

Артели “Одина” ҳамчунин ба роҳандозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ машҳур аст. Аз ҷумла ширкат мактаб-интернат бунёд намуда, таъмини фаъолият ва пардохти маоши омӯзгорон аз ҳисоби артел аст. Инчунин ширкат беморхона сохта, пулу роҳҳоро таъмиру барқарор мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина” дар Ховалинг сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.