Сарфи назар аз “Толибон”: Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон идома медиҳад

Сарфи назар аз вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон, содироти барқ ба ин кишвар боздошта нашуд, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои обии ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои электроэнергнетикии ду кишвар дар бораи содироти барқ ба Афғрнистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат қарордод ба имзо расонидаанд. “То ин дам […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сарфи назар аз вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон, содироти барқ ба ин кишвар боздошта нашуд, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои обии ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои электроэнергнетикии ду кишвар дар бораи содироти барқ ба Афғрнистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат қарордод ба имзо расонидаанд.

“То ин дам ягон қафомонӣ аз ҷадвали интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя ба мушоҳида нарасидааст, содирот мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад”, – иброз дошт вазир.

Ӯ илова намуд, ки интиқоли барқ асосан дар мавсими баҳору тобистон – аз моҳи май то моҳи сентябр сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар нимсодаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои ҳамсоя зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ содир шудааст, ки 5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 170 млн кВт/соат камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 аст.

Электроэнергия қариб 65% аз ҳаҷми содироти Тоҷикистонро ба Афғонистон ташкил медиҳад. Соли гузашта энергетикҳои тоҷик аз ҳисоби содироти барқ ҳудуди 45 млн доллар даромад ба даст оварданд.

Афғонистон барои 1 кВт/соат барқи Тоҷикистон 3 сент (бо хати интиқоли барқи 110кв) ва 4,5 сент (бо ХИБ 220 кВ) маблағ пардохт мекунад. Қисмати асосии барқ бо хати 220 кВ интиқол меёбад.

Ба ҷуз Афғонистон, дар мавсими баҳору тобистон неруи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ содир мешавад.

Қобили зикр аст, ки сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон айни замон қариб пурра зери назорати гурӯҳи “Толибон” аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.