Вазири энерегетика: нархи барқ имсол дар Тоҷикистон боз боло меравад

Date:

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш, сару садоҳо дар бораи гарон шудани ҳаққи истифода аз неруи барқро дар Тоҷикистон таъйид кард.

Далер Ҷумъа гуфт, ки ҳоло нарх чӣ қадар боло меравад маълум нест, вале як гурӯҳи вижа бо раҳбарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташкил шудааст ва рӯзҳои наздик бояд кори худро ҷамъбаст кунад ва дар мавриди нархи ҳаққи  истифодаи барқ  қарори вижае содир мешавад.

Далер Ҷумъа далелҳои гарон шудани ҳаққи истифода барқро ба он марбут донист, ки ҳамасола барои рушди соҳа ва бунёди зерсохтҳо маблағҳои зиёде аз хориҷ ҷалб мешавад вамо боя ин маблағҳо ва хидматрасониҳои дарсадии онҳоро баргардонем. 

Бояд гуфт, ки гуруҳи вижа барои боло бурдани ҳаққи истифода неруи барқ 4 май бо супориши сарвазири кишвар ва дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. 

Дар ҳоли ҳозир мардуми Тоҷикистон барои 1 киловатт/соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ – низ 22,66 дирам, истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 55,14 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати ҶТ – 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 7,87 дирам муқаррар шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таърифаҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо – 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 10,76 дирамро ташкил медиҳад.

Комбинати металлургии Тоҷикистон барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон – КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Таърифаҳои неруи барқ давоми солҳои 2010-2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд. Соли 2020 истисно шуд: дар шароити пандемияи коронавирус президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки аз боло бурдани арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки монополияи табиии давлат (таъминот бо барқу об, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра) мебошанд, худдорӣ карда шавад.

Давоми солҳои 2010-2019 таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019 боло рафт.

Дар ҳар кадоме аз мавридҳои болоравии таърифаҳо, ки даҳсолаи сипаришуда 7 бор сурат гирифт, ҳукумат амали худро ба тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ нисбат медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Когда же вы наедитесь. Всё вам мало каждый год одно и тоже. А для народа вы что сделали.? Вся страна гастербай тери .Вам не интересно где и как зарабатывать деньги народ.

Leave a Reply to Мухамад Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...