Зиндонӣ шудани 5 сокини Конибодом: “гурӯҳи таблиғотии махфии салафиҳо”

Додгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 5 сокини ин шаҳрро барои ҷиноят алайҳи сохти конститутсионии давлат, таблиғоти махфиёна ва ташвиқи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъи салафия барои солҳои гуногун равонаи зиндон кард. Аз ин панҷ сокини Конибодом Умар Ашӯрови 22-сола, Султон Исмоилови 38-сола, Наврӯз Мавлонови 40-сола ва Дамир Собирови 37-солаву Бурҳон Тӯхтаев 45-сола ном бурда мешавад, ки бар асоси […]

Додгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 5 сокини ин шаҳрро барои ҷиноят алайҳи сохти конститутсионии давлат, таблиғоти махфиёна ва ташвиқи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъи салафия барои солҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Аз ин панҷ сокини Конибодом Умар Ашӯрови 22-сола, Султон Исмоилови 38-сола, Наврӯз Мавлонови 40-сола ва Дамир Собирови 37-солаву Бурҳон Тӯхтаев 45-сола ном бурда мешавад, ки бар асоси моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуданд.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ бархе аз ҷузъиёти ин парвандаро расонаӣ кардааст.

Дар ин гузориши телевизионӣ, ки онро барномаи “Ахбори ВКД”-и Телевизиони Тоҷикистон ҳам нашр кардааст, мақомоти милиса бо интишори видео аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии ин панҷ сокини шаҳри Конибодом гуфтааст, ки “нафарони дар курсии айбдорӣ нишаста қасдан ҷиноят бар муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатиро содир намудаанд.  Ин гуруҳ ба ақидаҳои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯъи “Салафия” пайравӣ намуда дар ҳудуди шаҳри Конибодом фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ташкил ва адабиётҳои мазмуни ифротӣ доштаро истифода бурда як ҷамъияти махфиро ташкил кардааст”.

Дар асоси ҳукуми додгоҳ  айбдоршаванда Собиров Дамир Давронович, ки қаблан низ бо моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст ба муддати 6 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шудааст.

Боқимонда чаҳор нафари дигарро барои панҷсолӣ равонаи зиндон кардаанд, ки ҳамаи онҳо дар зиндони низомаш шадид давраи ҷазоро пушти сар хоҳанд кард.

Мақомоти милиса дар ин гузорши телевизионӣ мегӯянд, ки далелҳои шайъӣ дар доираии ин парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби  гуруҳи фаврии тафтишотӣ ҷамъоварӣ шудаааст ва пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ маҳв карда мешаванд.

То кунун назари наздикони ин маҳкумшудаҳо ва ё вакилони дифои онҳо барои расонаҳо дастрас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.