Даргузашти академик Саъдулло Исломов яке аз бунёдгузорони таҳқиқи демографияи Тоҷикистон аз COVID

Asia-Plus

Саъдуло Исломов мудири пешини Пажуҳишгоҳи демографияи Акадмеи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви вобастаи ин ниҳод, субҳи имрӯз бар асари гирифторӣ ба бемории COVID-19 аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти Академияи илмҳо хабар медиҳад.

Раёсати АМИ Тоҷикистон дар таъзияномае аз Саъдулло Исломов ба унвони яке аз бунёдгузорони таҳқиқи масоили демографӣ дар Тоҷикистон ном бурдааст. 

Ин донишманди тоҷик соли 1943 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1966 буд. 

Ба унвони мудири шуъбаи  Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, мудир, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, директори Маркази омӯзиши аҳолӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон кор кардааст.

Солҳои 2002-2010 мудири Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд. Соли 2011 муовини мудири ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...