Дар муҳоҷирони тоҷик дар Ростов навъи ҳиндии коронавирус ошкор шудааст

Сардухтури санитарии вилояти Ростови Русия Евгений Ковалев дар брифинг хабар додааст, ки аз ҳамаи озмоишҳои тайи се ҳафтаи ахир гирифташуда дар 100%-и сироятёфтагон аз коронавирус штамми ҳиндустонӣ ошкор шудааст, менависад КП.ру. “Агар пештар миёни беморон штамми бритониёӣ бештар буд, пас аз охири моҳи май штамми ҳиндустонӣ сабт мешавад, – шарҳ додааст Ковалев. – Се ҳафтаи […]

Сардухтури санитарии вилояти Ростови Русия Евгений Ковалев дар брифинг хабар додааст, ки аз ҳамаи озмоишҳои тайи се ҳафтаи ахир гирифташуда дар 100%-и сироятёфтагон аз коронавирус штамми ҳиндустонӣ ошкор шудааст, менависад КП.ру.

“Агар пештар миёни беморон штамми бритониёӣ бештар буд, пас аз охири моҳи май штамми ҳиндустонӣ сабт мешавад, – шарҳ додааст Ковалев. – Се ҳафтаи ахир дар 100% озмоишҳои гарон (онҳоро аз шумори маҳдуди беморон мегиранд), ки дар ду донишгоҳи Ростов таҳқиқ шуданд, штамми ҳиндустонӣ тасдиқ шуд”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, 90%-и озмоишшудагон ба хориҷа сафар накардаанд.

“Ин гувоҳи он аст, ки штамми ҳиндустонӣ аллакай хеле паҳн шудааст”, – шарҳ додааст сардухтури санитарии минтақа.

Ҳамчунин Ковалев гуфтааст, тайи ду ҳафтаи ахир штамми ҳиндустонии коронавирус байни баъзе шаҳрвандоне, ки ба фурудгоҳ аз Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меоянд, ошкор мешавад.

Тест аз онҳо бевосита дар худи фурудгоҳ гирифта шудааст.

Штамми ҳиндустонӣ ё ба истилоҳ “делта-штамм” бори нахуст дар Ҳиндустон тирамоҳи соли 2020 ошкор шуда буд. Коршиносон “Делта”-ро бештар марговар ва нисбатан устувор ба ваксинаҳои муосир ва методҳои муолиҷа медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.