Коронавирус дар Тоҷикистон: 3 фавту 43 бемори COVID-19 ошкор шуд

Asia-Plus

То шоми 13 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 107 нафар расид.

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 911 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 43 нафар зиёд шуд.

Ин нишондиҳанда ахиран афзоиши бештарини шабонарӯзии ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз коронавирус дар кишвар мебошад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 581  нафар ё худ 97,6%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 28 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 13 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода аз як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд, боздид намуданд.

Аз ҷумла вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...