Донишгоҳи тиҷорат ба ҳар муаллиме, ки номзади илм мешавад, 4 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳар омӯзгоре, ки рисолаи номзадӣ ва докторияшро ҳимоя мекунад, 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Ин нуктаро ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода, дар нишасти хабарии ин ниҳод зикр кард. Дар 6 моҳи соли 2021 дар ин донишгоҳ 14 нафар, аз ҷумла 1 нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ин […]

Asia-Plus

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳар омӯзгоре, ки рисолаи номзадӣ ва докторияшро ҳимоя мекунад, 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.

Ин нуктаро ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода, дар нишасти хабарии ин ниҳод зикр кард. Дар 6 моҳи соли 2021 дар ин донишгоҳ 14 нафар, аз ҷумла 1 нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ин дар ҳоле, ки соли гузашта дар ин давра ҳамагӣ 4 нафар рисолаи илмӣ дифоъ кардаанду халос. Устодони унвони илмидор дар ин донишгоҳ 51,4 дар садро ташкил медиҳанд.

Ректори ин донишгоҳ мегӯяд, ки муассисаи онҳо имсол бар асоси раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф дар миёни мактабҳои олии кишвар ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда, шомили даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шудааст.

Имсол дар ин донишгоҳ нахустин донишҷӯёне, ки дар бахши фосилавӣ таҳсил доштанд, таҳсилро ба поён расиониданд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нахустин донишгоҳе дар Тоҷикистон буд, ки таҳсили кредитиро роҳандозӣ кард ва дар ин росто яке аз муваққатарин макттабҳои олии Тоҷикистон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.