42 нафари ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскавро гунаҳкор хонданд

Суди Кузминкаи Маскав зиёда аз 40 нафар иштирокчиёни ҷанҷоли гуруҳиро дар Маскав назди истгоҳи метрои “Кузминка” дар қонуншикании маъмурӣ гунаҳкор эътироф намуд. Ҳамагӣ 42 нафар боздоштшудагон гунаҳкор дониста шуда, ба ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд, хабар додааст ба “Интерфакс” котиби матбуотии суд Карина Каленова. Ба гуфтаи ӯ, […]

Asia-Plus

Суди Кузминкаи Маскав зиёда аз 40 нафар иштирокчиёни ҷанҷоли гуруҳиро дар Маскав назди истгоҳи метрои “Кузминка” дар қонуншикании маъмурӣ гунаҳкор эътироф намуд.

Ҳамагӣ 42 нафар боздоштшудагон гунаҳкор дониста шуда, ба ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд, хабар додааст ба “Интерфакс” котиби матбуотии суд Карина Каленова.

Ба гуфтаи ӯ, дар рафти мурофиаи додгоҳӣ масъалаи ихроҷи боздоштшудагон баррасӣ нашудааст.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мавод нисбат ба дигар иштирокчиёни ҷанҷол ба суд равона гардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 июл дар мавзеи истгоҳи назди метрои “Кузминка”-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷанҷол рух дод. Нахуст гуфта шуд, ки дар ин муноқиша муҳоҷирон аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок доштаанд.

Сипас ВАО-и Русия хабар пахш намуданд, ки дар ин ҳодиса муҳоҷирони тоҷику ӯзбек бо ҳам ҷанҷол карда, дар он зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд ва қаблан чанд рӯз пеш боз ду муноқишаи дигар рух дода будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.