Хадамоти зиддиинҳисорӣ: арзиши сӯзишворӣ дар кишварҳои истеҳсолкунанда боло меравад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт медиҳад. Зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 61,2 млн доллар 112,4 ҳазор тонна […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт медиҳад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 61,2 млн доллар 112,4 ҳазор тонна бензин ворид шудааст, ки 8,5 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳҳои январ-июни соли равон нархи миёнаи бензини воридотӣ ба андозаи 29,7% (аз 420 доллар то ба 545 доллар барои 1 тонна) боло рафт.

“Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ арзиши бензини воридотӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин коҳиш ёфта, аз моҳи март боз афзуд. Ба ҳолати 12 июл нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил дода, ҳозир дар бозори ин навъи сӯзишворӣ камбуд нест”, – гуфт Қурбонзода.

Маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманитон ворид мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.

Зикр гардид, ки тӯли 6 моҳ ба ҷумҳурӣ 261,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, аз ҷумла ба маблағи 74,9 млн доллар 1415 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 61 млн доллар – 112,5 ҳазор тонна бензин, 6,8 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 971,7 тонна дигар маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.