АНМН: дар 6 моҳ беш аз 1,6 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд

Нимсолаи аввали соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон 200 килову 593 грамм (ҳамин давраи соли 2020 – 131 кг 657 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 г героин, 32 кг 554 г афюн, 127 кг 439 г ҳашиш, 1 кг 807 г бангдона, 34 кг 920 г  маводи сахттаъсири фаъоли рӯҳӣ дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон 200 килову 593 грамм (ҳамин давраи соли 2020 – 131 кг 657 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 г героин, 32 кг 554 г афюн, 127 кг 439 г ҳашиш, 1 кг 807 г бангдона, 34 кг 920 г  маводи сахттаъсири фаъоли рӯҳӣ дар шакли хока ва ҳабҳо (таблеткаҳо)-и синтетикӣ (2434 дона) мусодира шуданд.

Зимни нишасти хабарии имрӯз, 15 июл директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН) генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки дар зарфи 6 моҳ аз ҷониби Агентӣ 104 (соли 2020 – 80) ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шудааст, ки 24 ҷиноят ё худ 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ба гуфтаи Воҳидзода, дар ин давра фаъолияти 28 гуруҳи ҷиноятпеша (иборат аз 64 нафар), аз ҷумла фаъолияти 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шудааст.

Ӯ зикр кард, ки инчунин 187 (соли 2020 – 216) далели қонуншиканиҳои маъмурӣ ошкор шуда, 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. Аз онҳо ба фоидаи буҷет 115 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки давоми 6 моҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар маҷмӯъ 1 тоннаву 695,65 кг маводи нашъаоварро аз гардиши ғайриқонунӣ мусолдира намуданд, ки  510,2 кг ё худ 43% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли пешин мебошад.

“Аз ҷониби ВКД 819,12 кг (соли 2020 – 543,4 кг), КДАМ – 662,6 кг (2020 – 488,1 кг), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 11,7 кг (2020 – 1,5 кг) ва Хадамоти гумрук – каме бештар аз 1 кг (2020 – 20,6 кг) маводи нашъаовар мусодира шуд”, – илова кард Воҳидзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.