Ваколатдори ҳуқуқи инсон: “Ҷалби иҷборӣ ба “маршировка” нақзи ҳуқуқи инсон нест”

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода, ҷалби иҷбории донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар чорабиниҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад. Ӯ ин ин нуткаро дар посух ба суоли хабарнингори “Азия плюс” имрӯз, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш зикр кард. Бобозода дар шарҳи мавзӯ қайд кард, ки на танҳо […]

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода, ҷалби иҷбории донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар чорабиниҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад. Ӯ ин ин нуткаро дар посух ба суоли хабарнингори “Азия плюс” имрӯз, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш зикр кард.

Бобозода дар шарҳи мавзӯ қайд кард, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳонии футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд.

– Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлать аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид кард У. Бобозода.

Ӯ дар идома баргузории “маршировка”-ҳоро дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт ва таъкид кард, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҷалб карда мешаванд, онҳое, ки беморанд ва сабаби  дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.

– Айни ҳол таътили тобистонаи донишҷӯён ва хонандагон аст ва дар давоми таътил ҷалб кардани онҳо ба маршировка нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Чунки онҳое, ки ба маршировка ҷалб мешаванд, аз имтиёзҳо бархурдоранд ва ба таътили иловагӣ фаро гирифта мешаванд,-хулоса кард Обудсмени тоҷик.

Мавзуъи “маршировка” ё ҷалби иҷбории хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашниву оммавӣ яке аз мавзуъҳои доғи Тоҷикистон аст, ки солҳои ахир хеле баҳсҳои густардаро ба бор овардааст.

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар чанд қисмати шаҳр тамринҳои раҳпаймоии идона мегузаранд.

Сарфи назар аз мавҷи дуюми коронавирус, чорабиниҳои омодагӣ барои ин ҷашн бекор нашуд.

Муовини аввали вазири фарҳанг ва яке аз масъулони ташкил ва баргузории раҳпаймоиҳои идона дар Тоҷикистон Обидҷон Назариён ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки қарор дар бораи бекор кардани “маршировкаҳо” ҳоло қабул нашудааст.

Аввали ҳамин моҳ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ва Вазорати тандурустӣ дастур дод, ки масъалаи ваксиназанӣ ва риояи қатъии масофаи иҷтимоиро зери назорат гиранд.

Дар Душанбе ҳам онҳоеро, ки ба ин раҳпаймоиҳо ҷалб кардаанд ба таври ҳамагонӣ воксин заданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.