Палатаи ҳисоб: Дар Тоҷикистон андозҳоро бештар пинҳон мекунанд

Дар нимаи аввали соли 2021 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бонку корхонаҳо ба маблағи 83,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд. Дар нишасти матбуотии имрӯз, 15 июл муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида 80,7 млн сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида […]

Дар нимаи аввали соли 2021 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бонку корхонаҳо ба маблағи 83,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд.

Дар нишасти матбуотии имрӯз, 15 июл муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида 80,7 млн сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуд.

Қонуншиканиҳо бештар дар паст нишон додан ва рӯйпӯш намудани пардохти андоз – 51,3 млн сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулӣ – 19,4 млн сомонӣ, аз ҳад баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон – 7,5 млн сомонӣ ва камомади пулӣ – 2,7 млн сомонӣ ба мушоҳида расидааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Аҳмадзода, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 2,7 млн сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуда, қариб ҳамаи маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилот қонуншиканиҳои молиявӣ ба мисли беасос аз эътибор соқит кардани маблағ, қонуншиканиҳо зимни фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, пардохт нашудани фоида (дивиденд)-ҳои саҳмияҳои давлатӣ ва ғайра ба назар мерасанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.