Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ: на “ц”-ву “щ” баргаштанду на “ӯ” бардошта шуд

Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Ин санадро Эмомалӣ Раҳмон 30-юми июни соли 2021 имзо гузоштааст. Дар баробари қоидаҳои имло ҳамчунин ҳукумат Аломатҳои китобати забони тоҷикиро низ тасдиқ кардааст. Бар пояи қарори ҳукумат Қоидаҳои имлои соли 2011 дигар эътибор надоранд. Мувофиқи қоидаҳои тоза, ки нусхае аз он барои "Азия-Плюс" дастрас […]

Asia-Plus

Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Ин санадро Эмомалӣ Раҳмон 30-юми июни соли 2021 имзо гузоштааст. Дар баробари қоидаҳои имло ҳамчунин ҳукумат Аломатҳои китобати забони тоҷикиро низ тасдиқ кардааст.

Бар пояи қарори ҳукумат Қоидаҳои имлои соли 2011 дигар эътибор надоранд.

Мувофиқи қоидаҳои тоза, ки нусхае аз он барои "Азия-Плюс" дастрас шуд, алифбои забони тоҷикӣ мисли пешин аз 35 ҳарф иборат аст ва сару садоҳо дар мавриди бозгардонидани ҳарфҳои русии "ц" ва "щ" ба алифбо таҳаққуқ пайд накард. 

Ҳарчанд шакли навишти калимаҳои иқтибосии русӣ, ки ҳарфи "ц" доранд, дар қоидаҳои нав бештар шарҳ дода шудааст, вале қоидаи навишти он тағйир наёфтааст.

Ҳамчунин баҳсҳои доманадоре, ки бар сари навишт ё имлои ҳарфи "ӯ" вуҷуд дошт, дар қоидаҳои нав низ чандон мушахас нашудааст. Дар мавриди ин ҳарф дар қоидаҳои нав омадааст:

ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

– барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра;

– дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра;

– дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд: рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра.

Мувофиқи имлои соли 2011 ин ҳарф дар оғози калимаҳои иқтибосии туркӣ (ӯгай, ӯрда, ӯғур) навишта мешуд, дар имлои нав дар ин маврид чизе оварда нашудааст. Ҳоло маълум нест, ки ин вожаҳо бо "ӯ" навишта мешаванд ё бо "у". Ҳарчанддар қоидаҳои нав вожаи арабии уҳда, ки пештар ӯҳда навишта мешуд, акнун бо ҳарфи у (уҳда) пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин тибқи қоидаҳои нав ин ҳарф дар калимаҳои иқтибосии арабӣ (таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра) дигар навишта намешавад.

Имлои нав пешниҳод мекунад, ки дар ҳамсадои "й" дар вожаҳои решагӣ нигоҳ дошта шавад: ба рӯйи миз, ба сӯйи хона, ба ҷойи муносиб, найистон, чораҷӯйӣ, ҷомашӯйӣ, раҳпойӣ, бӯйидан, рӯйидан, пайи пой, донишҷӯйи фаъол, чойи сиёҳ, пайомад, пайопай.

Қоидаҳои навишти ҳарфи "ъ" тақрибан бе тағйир мондааст ва пешниҳодҳои бархе донишмандон дар мавриди ба ҷойи ҳарфи айни алифбои форсӣ дар аввали калимаҳо ва ба ҷойи ҳамза дар мобайни вожаҳои дигар навишта шундани он, ба эътибор гирифта нашудааст.

Ҳамчунин дар имлои нав, бори аввал шаклҳои навишти дуруст ва муҷози ному насаб пешниҳод шудааст. 

Навгонии тозаи дигар, ки дар Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аст, имсол дар баробари ин қоидаҳо, ҳамчунин "Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" аст, ки ҷудогона таҳия шудаанд.

Шакли пураи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ва "Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ"-ро метавонед аз ин ҷо дарёфт кунед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.