Ҷадвали мусобиқаҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Токио

Аз 23 июл то 8 августи соли равон дар Токио Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд. Дар рӯзи аввали Олимпиада маросими ифтитоҳи Бозиҳо доир мегардад. Дар муддати 16 рӯз дар 33 навъи варзиш барои дарёфти 339 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд. Дар ҳамин ҳол, шумори варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо намояндагӣ мекунанд, кам […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз 23 июл то 8 августи соли равон дар Токио Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд. Дар рӯзи аввали Олимпиада маросими ифтитоҳи Бозиҳо доир мегардад. Дар муддати 16 рӯз дар 33 навъи варзиш барои дарёфти 339 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, шумори варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо намояндагӣ мекунанд, кам шуд.

Бар асари ҷароҳат гирифтан Гулсумбӣ Шарифова, ки бояд дар давидан ба масофаи 200 м рақобат мекард, ба Бозиҳо рафта наметавонад. Барои барқарор шудани солимии ӯ 6 моҳ вақт лозим аст.

Боқимонда 10 варзишгари дигар – ҷудокорон: Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (то 100 кг); боксчиён: Баҳодур Усмонов (то 63 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз 91 кг); навъи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м); шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м), Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) рӯзи 20 июл бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Токио ба Олимпиада мераванд.

Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио Темур Раҳимов мебошад.

Бо назардошти варзишгарон, шумори ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.

Ҷадвали мусобиқаҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиада

23 июл, ҷумъа. Маросими ифтитоҳ. Токио. Парчамбардори тими Тоҷикистон ҷудокор Темур Раҳимов аст.

24 июл, шанбе 

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\16 финал. Шаббос Неъматуллоев.

25 июл, якшанбе 

Бокс. Вазни зиёда аз 91 кг. 1\8 финал. Сиёвуш Зуҳуров.

26 июл, душанбе 

Ҷудо. Вазни то 73 кг. Даври аввал ва финал.  Сомон Маҳмадбеков.

27 июл, сешанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\16 финал.  Баҳодур Усмонов.

Вазни то 81 кг. 1\8 финал.

Ҷудо. Вазни то 81 кг. Даври аввал ва финал.  Акмал Муродов.

28 июл, чоршанбе

Ҷудо. Вазни то 90 кг. Даври аввал ва финал. Комроншоҳи  Устопириён

29 июл, панҷшанбе

Ҷудо. Вазни то 100 кг. Даври аввал ва финал. Темур Раҳимов.

30 июл, ҷумъа

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Мардон ва занон. Рақобатҳои пешакӣ. Олимҷон Эшонов ва  Анастасия Тюрина.

31 июл, шанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\8 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои нимфиналӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Дави пешакӣ. Илдар Аҳмадиев

1 август, якшанбе

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\2 финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои финалӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Рақобатҳои нимфиналӣ ва финал.

2 август, душанбе

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Рақобатҳои нимфиналӣ

3 август, сешанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\4 финал.

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Финал

4 август, чоршанбе

Бокс. Вазни то 81 кг. Финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\2 финал.

6 август, ҷумъа

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\2 финал.

8 август, якшанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. Финал

Вазни зиёда аз 91 кг. Финал

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.