Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба додгоҳ кашиданд

Собиқ директори Комиссияи давлатии умури дин Акин Токталиев президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва сухангӯйи пешини ӯ Галина Байтерек ба додгоҳ шикоят бурдааст. Дар ин бора ба «Азаттык» (бахши қирғизии Радиои Озодӣ) худи Токталиев хабар додааст. Ӯ изҳор доштааст, ки аз мансаби директори Комисссияи давлатӣ  дар умури дин беасос барканор шудааст. “Вақте маро аз мансаб барканор карданд, президент […]

Собиқ директори Комиссияи давлатии умури дин Акин Токталиев президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва сухангӯйи пешини ӯ Галина Байтерек ба додгоҳ шикоят бурдааст. Дар ин бора ба «Азаттык» (бахши қирғизии Радиои Озодӣ) худи Токталиев хабар додааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки аз мансаби директори Комисссияи давлатӣ  дар умури дин беасос барканор шудааст.

“Вақте маро аз мансаб барканор карданд, президент ва сухангӯйи вақти ӯ маро ба ифротгаро (эстремист) баробар карданд”, – гуфтааст Токталиев.

Ӯ аз ҷавобгарон 100 млн сом (зиёда аз 1,1 млн доллар) ва узрхоҳӣ талаб кардааст. Даъвогар рӯзи 8 июл ба суди ноҳияи Первомайскийи Бишкек муроҷиат намуда, лекин аризааш рӯзи 12 июл баргардонида шудааст. Рӯзи дигар Токталиев боз ҳуҷҷатҳо илова намуда, бори дигар даъво пешниҳод намудааст.

Дастгоҳи президент ва Галина Байтерек то ҳол ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи президент Содир Ҷабборов моҳи ноябри соли 2020 Акин Токталиевро ба вазифаи директори Комиссияи давлатии умури дин таъин кард. 9 феврали соли 2021 ӯ аз ин мансаб барканор шуд.

Акин Токталиев ба “Кумитаи ҳифзи обрӯву эътибори халқи Қирғизистон” роҳбарӣ мекунад. Ба сифати ҳомии ҳуқуқ ва адвокат маъруф аст. Дар мурофиаи додгоҳии парвандаи гаравгон гирифтани раиси вилояти Иссиқ-Кӯл аз Содир Ҷабборов ҳимоят намуда, изҳор дошта буд, ки парванда ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.