Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 2 кас аз COVID-19 вафот кард

То шоми 14 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 2 нафар афзуда, ба 109 нафар расид. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 958 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 47 нафар зиёд шуд. Ин нишондиҳандаи навбатии афзоиши бештарини шабонарӯзии […]

То шоми 14 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 2 нафар афзуда, ба 109 нафар расид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 958 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 47 нафар зиёд шуд. Ин нишондиҳандаи навбатии афзоиши бештарини шабонарӯзии ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз коронавирус дар кишвар мебошад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 600  нафар ё худ 97,4%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 19 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Чанде пеш муовини якуми вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ғафур Муҳсинзода бо намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd”-и Чин барои баррасии як қатор масъалаҳо вобаста ба харидорӣ ва таҳвили навбатии вояҳои зарурии ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон гуфтугӯи маҷозӣ анҷом дод.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷониби ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” вобаста ба харидории ваксинаи мазкур  дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод хоҳад намуд.

“Маблағи вояҳои ваксинаи мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар доираи Созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт карда мешавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағи умумии ин Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев, то 13 июл дар Тоҷикистон 395 ҳазору 855 нафар ваксина гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.