ВАО: ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Маскав байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз рух дод

Пеш аз ҷанҷол дар Маскав, ки дар он зиёда аз 180 нафар иштирок карданд, ду муноқишаи дигар рух дода буданд. Дар ин бора имрӯз шабакаи телевизиони РЕН ТВ хабар дод. Мувофиқи маълумоти шабака, чанде пештар аз ин ҳодиса дар шаҳри Химки байни муҳоҷирон муноқиша ба амал омадааст. Дар он зодагони Тоҷикистон якчанд нафарро аз ҷумҳуриҳои […]

Asia-Plus

Пеш аз ҷанҷол дар Маскав, ки дар он зиёда аз 180 нафар иштирок карданд, ду муноқишаи дигар рух дода буданд. Дар ин бора имрӯз шабакаи телевизиони РЕН ТВ хабар дод.

Мувофиқи маълумоти шабака, чанде пештар аз ин ҳодиса дар шаҳри Химки байни муҳоҷирон муноқиша ба амал омадааст. Дар он зодагони Тоҷикистон якчанд нафарро аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна лату кӯб карданд.

Баъдан, рӯзи 11 июл боз як ҷанҷоли дигар рух дод, ки дар он зодагони Тоҷикистон се нафар шаҳрвандони Қирғизистонро лату кӯб карданд. Ин се нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар навори пахшкардаи РЕН ТВ дида мешавад, ки ҷавонон дар пиёдагузар ба ҷанҷол оғоз намуда, сипас ба қисмати роҳ мегузаранд. Яке аз онҳоро ба замин афтонида, бо пой лату кӯб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари шуъбаи минтақавии Конгресси умумиқирғизӣ дар Маскав Марсел Салахунов маълумот дар бораи пеш аз ин ҷанҷоли гурӯҳӣ, ки дар интернет паҳн шуд, рух додани муноқишаи дигарро тасдиқ кард.

“Тибқи маълумоти мо, ҷанҷол дар заминаи маишӣ сар задааст. Ҷавонон саққобозӣ (билярд) карда, байнашон нофаҳмие рух додааст. Дар ҳамон ҷо муноқиша рух додааст. Вақте он ба оихр мерасад, боз бо истифода аз яроқи сард давом мекунад. То ҷое ман огаҳам, он ҷо бархе захмӣ шудаанд”, – гуфтааст ӯ.

Салахунов ишора кардааст, ки намояндагони диаспораҳои тоқикону қирғизҳо изҳорот пахш карда, ҳамватанонро ба риояи оромиву осоиштагӣ даъват карданианд.

То замони нашри ин хабар ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо сафорати Тоҷикистон дар Русия тамос бигирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.