Шумораи қирғизҳои фирорӣ аз Афғонистон ба 347 кас расид: 2 кӯдак ҳангоми фирор мурдаанд

Asia-Plus

Рӯзи 14-уми июл боз 270 қирғизи бумии Афғонистон аз деҳаи Андемини вулусволии Вахон ё минтақаи Помири Хурди вилояти Бадахшони Афғонистон аз тарси "Толибон" ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор кардаанд. Як рӯз пештар, рӯзи 13-уми июл 77 нафари дигар низ фирор карда буданд.

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд,  ки ҳангоми фирор ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ду кӯдаки ин фирориён дар роҳ фавтидааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод аз ин фирориён 3,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст. 

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбони таркиби ин фирориёнро 91 мард, 77 зан ва 177 ноболиғ (64 писару 113 духтар) мегӯяд. Ҳоло ин фирориён дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷо ба ҷо шудаанд.

Қирғизҳои фирории бумии Афғонистон, ки рӯзи 13-уми июл ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, бо худ чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майда, 300 сар қутос, 3 шутур ва 30 аспро низ оварда буданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазъро дар ин минтақаи Тоҷикистону Афғонистон "таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик" унвон кардааст.

Нашри ин хабар дар ҳолест, ки пештар шуморе аз гурезаҳои ин вилоят аз ноҳияҳои марзӣ бо вилояти ҳамноми Тоҷикистон ба ВМКБ паноҳ оварда буданд, ки теъдоди онҳоро ҳукумат бештар аз 400 нафар гуфта буд. 

Ҳамчунин бештар аз 1000 низомии вилояти Бадахшони Афғонистон низ аз ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ки барои онҳо дар мавзеи Момираки ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон шаҳраки хаймаҳо эҷод карда буданд. 

Дирӯз, як манбаъ аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба "Азия-Плю" гуфт, ки ба ҷуз қирғизҳои бумии Афғонистон, ки тоза ба Тоҷикистон фирор кардаанд, дигар ҳама фирориёни ин кишвар, ки дар ҳамлаҳои Толибон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, бюа Афғонистон баргардонида шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...