Яке аз чорроҳаҳои хиёбони Айнӣ барои 4 рӯз баста мешавад

Чанде пеш шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур муваққатан қатъ карда мешавад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе роҳ бо мақсади ба охир расонидани корҳои сохтмон баста мешавад. Бино ба иттилои «Душанбенаклиётхадамотрасон»,  ҳаракати ҳама гуна нақлиёти автомобилӣ тавассути чорроҳаи мазкур (назди […]

Чанде пеш шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур муваққатан қатъ карда мешавад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе роҳ бо мақсади ба охир расонидани корҳои сохтмон баста мешавад.

Бино ба иттилои «Душанбенаклиётхадамотрасон»,  ҳаракати ҳама гуна нақлиёти автомобилӣ тавассути чорроҳаи мазкур (назди беморхонаи Ёрии таъҷилӣ) аз санаи 15 то 18 июли соли 2021 қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин робита ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №2, 4, 7, 43 ва хатсайрҳои троллейбусии №2, 4, 9 ва 10 тариқи кӯчаҳои Лоҳутӣ, Н.Муҳаммад, Дустии халқҳо, А.Дониш, автобусҳои хатсайрҳои №8 ва 55 тариқи хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои М.Назаршоев ва А.Дониш ба роҳ монда мешавад.

Аз ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда шудааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.