Баррасии имкони пайвасти Панҷакент ба роҳи оҳани Самарқанд

Имкони пайвасти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо роҳҳои оҳани вилояти Самарқанд аз ҷониби Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим. Ӯ зикр кард, ки ин масъала дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии кишварҳо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд баррасӣ шудааст. “Ин […]

Имкони пайвасти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо роҳҳои оҳани вилояти Самарқанд аз ҷониби Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ӯ зикр кард, ки ин масъала дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии кишварҳо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд баррасӣ шудааст.

“Ин ҷо дар бораи сохтмони шохаи роҳи оҳан, ки маблағгузориаш аз ҳисоби соҳибкорони ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, сухан меравад”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ сари он аст, ки то чӣ андоза бо ин шоха равуои қатораҳо таъмин карда мешавад.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки дар назар аст ин роҳ ҳам барои боркашонӣ ва ҳам барои мусофиркашонӣ мавриди истифода қарор гирад.

Зимнан зикр шуд, ки ба гунаи мисол, аз ин роҳ сайёҳон барои боздид аз шаҳри қадимаи 5500-солаи Саразм истифода карда метавонистанд.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар лоиҳа сохтмони қитъаи роҳи оҳан аз шаҳри Панҷакент то истгоҳи роҳи оҳани Булунгур воқеъ дар ноҳияи ҳамноми вилояти Самарқанди Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.