Бонки ҷаҳонӣ: Пандемия некӯаҳволии сокинони Тоҷикистонро якбора бад кард

Date:

Некӯаҳволии иҷтимоиву иқтисодии аҳолии Тоҷикистон пас аз хуруҷи COVID-19 якбора бад шуд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ “Гӯш додан ба Тоҷикистон” (Слушая Таджикистан).

“Шумори пурсидашудагоне, ки гуфтанд айни замон ҳеҷ кадоме аз аъзои хонаводаашон кор намекунад, давоми моҳҳои апрел ва майи соли 2020 босуръат зиёд шуда, ҳарчанд баъди ин бозори кор зуд мавқеи додаашро барқарор кард, моҳи ноябр авҷи дуюми бекорӣ рӯйи кор омад”, – навиштаанд таҳлилгарон.

Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки  теъдоди ҷойҳои кории холии дар Интернет ҷойгиршуда аз нишондиҳандаҳои ниҳоии давраи то буҳрон ба таври назаррас хеле паст аст.

Гуфта мешавад, аз замони хуруҷ 15-20% пурсидашудагоне, ки ба зарурати гузаштан аз муолиҷа ишора карда буданд, зикр карданд, ки онро дастрас карда натавонистанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҳудуди 14% хонаводаҳо ба гирифтани кумак аз давлат, ҳадди ақалл як маротиба пас аз хуруҷ ишора кардаанд.

Муҳоҷират ва интиқоли пул

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, дар замони буҳрон муваққатан аз даст додани ҷойи кор байни муҳоҷирони аллакай дар хориҷа қарордошта падидаи хеле маъмул буд.

Дар он зикр мегардад, ки ҳиссаи муҳоирони фаъолона машғули кор аз 89% дар моҳи феврали соли 2020 то ба 25% дар моҳи апрел поин рафта, сатҳи шуғли муҳоҷирони аллакай дар хориҷа қарордошта тадриҷан барқарор мешавад ва то охири сол ба сатҳи соли 2019 наздик мешавад.

“Аммо бар асари баста шудани сарҳадҳо бо сабаби пандемия, моҳи апрели соли 2020 муҳоҷирати мавсимӣ босуръат қатъ шуд. Дар натиҷа, шумори хеле ками муҳоҷирон дар хориҷа боқӣ монанд, ки ба коҳиши даромад аз интиқоли пул боис гардид”, – таъкид месозанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.

“Аз ҷониби дигар, – гуфта мешавад дар гузориш. – Нимаи дуюми соли 2020 таваҷҷуҳ ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар барои дарёфти кор зиёд шуд”.

Баъди коҳиш то сатҳи ҳамагӣ 2%-и хонаводаҳо дар моҳи майи соли 2020, моҳи январи соли 2021 таваҷҷуҳ то ба 14%-и хонаводаҳо афзуд, ки хеле зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.

Таъкид мешавад, ки моҳи апрели соли гузашта даромадҳо аз интиқоли маблағ босуръат кам шуда, дар муддати давраи боқимондаи сол мавқеи додаашонро барқарор намуданд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия аз ҷониби шахсони хусусӣ, ки аксарияти кулли муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар машғули коранд, 32,4%: аз 2 млрд 576 млн доллар дар соли 2019 то ба 1 млрд 741 млн доллар поин рафт.

Амнияти озуқаворӣ ва хароҷот

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ коҳиши босуръати истеъмоли маҳсулоти хӯроквориро соли 2020 дар ҷумҳурӣ зикр мекунанд: беш аз 35%-и хонаводаҳо ишора намуданд, ки моҳҳои май ва июн фарзандони худро камтар аз се бор дар як рӯз хӯрок додаанд.

“Амнияти умумии озуқаворӣ замони авҷи буҳрон аз рӯйи як қатор нишондиҳандаҳо бад шуд: шумори шасхоне, ки дар бораи гуруснагӣ хабар медиҳанд, зиёд шуда, гуногун кардани хӯрок низ на ба ҳар кас муяссар мегардад ва инчунин дар мавриди дастрас намудани ғизо ба миқдори кофӣ изҳори нигаронӣ мешавад”, – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Инчунин пастшавии сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ барои хизматрасонии коммуналӣ ва мавҷуд будани механизаи як муддат зиндагонӣ кардан, аз ҷумла фурӯши дороиҳо ва коҳиши хароҷот ба хизматрасонии тиббӣ зикр мешавад.

“Дар муқоиса бо 10% дар моҳи майи соли 2020, ҳудуди 1%-и пурсидашудагон ба мавҷуд набудани захираи хӯрокворӣ ишора намуданд”, – илова кардаанд муаллифони таҳқиқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...