Вокуниши сахти вазири маориф ба суол дар бораи “маршировка”: “аз як чизи хасакӣ проблема насозед”

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат, имрӯз, 16-уми июл ба суоли хабарнигорон дар мавриди "маршировка" ё ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашнӣ, вокуниши сахт кард. Имомзода ба хабарнигорон хитоб кард, ки "аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем" ва ин кор дар ҳамаи кишварҳои олам аст.   "Дар масъалаи маршировка, […]

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат, имрӯз, 16-уми июл ба суоли хабарнигорон дар мавриди "маршировка" ё ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашнӣ, вокуниши сахт кард.

Имомзода ба хабарнигорон хитоб кард, ки "аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем" ва ин кор дар ҳамаи кишварҳои олам аст.  

"Дар масъалаи маршировка, аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем. Гӯё дар Тоҷикистон ягон проблемаи дигар нест. Ин қадар проблемае ки дар марзи Афғонистон аст, гӯё касе намешунавад. Бача омода машқашро мекунад. Баъд аз ин шояд рафта футбол бозӣ мекунад, рафта пеши роҳи онро ҳам гирем? Маршировка як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс халал мерасонад ва ин берун аз дарс аст".

Имомзода доғ кардани ин мавзуъ ва матраҳ кардани онро дар расонаҳо чизи "ба сатҳи марифати мову шумо номувофиқ" унвон кард ва гуфт, ки "Истиқлол истиқлоли миллӣ аст, давлат, ватан аст ва ифтихори мо аст. Ҳар касе инро ба таври дигар қабул мекунад, ин ба маърифати худи ҳамон одам дахл дорад. Мактаббача баъд аз маршировка рафта дар саҳро ба падару модараш кӯмак мекунад, рафта пеши роҳи инашро ҳам гирем".

Вазири маориф гуфт, ки дар дигар кишварҳо ҳам чунин корҳо ҳаст. "Мисол он карнавалҳое, ки дар дигар кишварҳо мегузарад дар он ҷо ҳам ҷавонон ширкат мекунанд, ҳатто калонсолон иштирок мекунанд".

Мавзуъи "маршировка" ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар ҷашнҳои давлативу маросимҳои дигар, яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҳамеша матраҳ мешавад.

Дирӯз Умед Бобозода ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам аз ин "маршировкаҳо" ҳимоят кард ва онро нақзи ҳуқуқи инсон надонист.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнингори “Азия плюс” дар ин маврид гуфт, ки ин кор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ҳаст, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳонии футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд.

– Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид кард Бобозода.

Ӯ дар идома баргузории “маршировка”-ҳоро дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт ва таъкид кард, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҷалб карда мешаванд, онҳое, ки беморанд ва сабаби  дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.