Вазири маориф: Магистрон бояд аз аскарӣ озод бошанд, бо Вазорати дифоъ кор бурда истодаем

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки магистрҳо бояд аз хидмати ҳарбӣ озод бошанд. Вазир мегӯяд, ки магистратура ҳам як зинаи таҳсилот аст ва бояд  мсили дигар зинаҳои таҳсил муҳассилини онро аз хидмат озод кунанд. Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки магистрҳо бояд аз хидмати ҳарбӣ озод бошанд. Вазир мегӯяд, ки магистратура ҳам як зинаи таҳсилот аст ва бояд  мсили дигар зинаҳои таҳсил муҳассилини онро аз хидмат озод кунанд.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. 

Вазир мегӯяд, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид шудааст, мутаассфиона ҳамин чиз боис шудааст, ки магистрон аз хизмати ҳарбӣ озод нестанд.

"Дар бораи масъалаи мазур мо ҳам огоҳем, маълумот гирифтем бо кормандон ва бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ҳамсуҳбат шудем ва хоҳиш крадем, ки нисбат ба магистрони мо муносибати хуб дошта бошанд. Мо дар оянда ният дорем, ки нисбати ҳамин масъала корбарӣ кунем. Яъне магиистатура ҳамчун як зинаи таҳсилот ба мисли бакалавр  доктор PHD бояд аз хизмати ҳарбӣ озод бошад. Нисбати ин корбарӣ карда истодаем, иловатан маълумот пешниҳод мекунем",-гуфт вазири маориф.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.