Ҳуқуқшинос Фотима Шамсуддинова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият “Ноил” ҳамасола бо ҳамкоронаш ба зиёда аз 1000 нафар сокинони Тоҷикистон маслиҳату дастгирии ҳуқуқии ройгон мерасонад.
Фотима зодаи шаҳри Душанбе аст ва дар оилаи коргари одӣ ба дунё омадааст. Онҳо дар хонавода 5 бародару хоҳаранд, ки аз ин шумор 3 нафарашон маъюбияти нобиноӣ доранд.
Қувваи босираи Фотима дар аввал хуб буд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан суст шуд. Ӯ то синфи 9 дар мактаби миёнаи №37-и пойтахт таҳсил кардааст. Баъдан, соли 2004 волидайн ӯро ба мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор гузарониданд.
Қолабшиканӣ дар донишгоҳ
Фотима пас аз хатми мактаб-интернат, соли 2006 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид. Ҳарчанд довталабони ин факулта ҳамасола зиёданду рақобат сахт, Фотима тавонист комёб шуда, ба таври ройгон таҳсил кунад. Он замон барои шахсони дорои маъюбият дар донишгоҳу донишкадаҳо ягон имтиёз, яъне холҳои изофӣ дода намешуд.
Ӯ аз ҳамсабақон ва устодонаш сипосгузор аст, ки барои таҳсилаш кумак кардаанд. Фотима дар замони донишҷӯйӣ кор бо компютерро фаро гирифтааст.
“То омӯхтани хусусиятҳои корбарии компютер, ҳамкурсонам китоб ва лексияҳоро ба ман тавассути диктофон мехонданд. Як мушкил дастрас кардани китоб бошад, душвории дигар хондани он буд. То ҳол дар хонаи модарам кассетаҳои лексияву китобҳо, ки барои ман ҳамкурсонам сабти овозӣ карда буданд, нигоҳдорӣ мешаванд”, – иброз дошт Фотима.
Ӯ ҳамеша саъй меварзад, ки муносибати қолабии ҷомеаро нисбат ба шахсони дорои маъюбият коҳиш бидиҳад.
“Вақти оғози таҳсил дар донишгоҳ, рӯзи 2-юми сентябр нафаре омада, ба назди ман 10 ё 20 сомониро гузошту рафт. Ин ба ман хеле сахт расид, чунки барои таҳсил омада будам, на талбандагӣ. Пагоҳӣ ба минбар баромада, гуфтам: “Касе маблағро гузоштааст, омада, онро гирад. Ман ба ин ҷой барои гадоӣ наомадаам”. Ҳама хомӯш буданд ва касе ҷуръат карда, аз наздам пулро нагирифт. Шурӯъ аз ҳамон рӯз ҳамкурсон нисбат ба ман на бо раҳмдилӣ, балки бо эҳтироми хос муносибат мекарданд. Ин як пирӯзии хурди ман дар донишгоҳ буд, ки тавонистам қолаби шахшударо аз байн бубарам”, – ёдовар мешавад Фотима.
Ҳомии ҳуқуқи мардум
Фотима Шамсуддинова тӯли 12 сол ба ҳимояи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият ва ниёзмандони дигар машғул аст.
Иштирок дар семинару тренингҳо барои пайдо кардани кор ба Фотима роҳ мекушояд. Соли чаҳоруми таҳсил дар донишгоҳ тариқи озмун ба кор дар ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшинос” интихоб мешавад. Ӯ дар компютери корхона барномаи овозии “Jaws”-ро насб карда, бо ёрии он ҳама супоришҳои корфарморо иҷро мекард.
“Кор дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ маро таҳрик дод, ки ба ҳимояи шахсони маъюбиятдошта пардозам”, – мегӯяд Фотима.
Ба ташкилоти мазкур одамон асосан барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат мекарданд, ки байнашон шахсони дорои маъюбият низ буданд.
Мурофиаи нахустин ва баҳс бо додрас
Қаҳрамони мо аввалин мурофиаи судии худро ҳеҷ гоҳ аз хотираш намебарорад, зеро онро ба нафъи зерҳимояаш анҷом додааст. Ӯ дар ин мурофиа зани аз кор рондашударо ҳимоя кардааст.
“Аввалин бор соли 2011, вақте аризаи зерҳимояамро ба суд навиштам, бовар надоштам, ки метавонам он шахсро ҳимоя кунам. То он сол дар якчанд мурофиа ҳамчун ёрдамчии ҳимоятгар иштирок карда будам. Замони ҳимояи аввалинам як андоза нобоварӣ ва тарс доштам, ки мабодо онро набозам. Аризаро ба суд супоридем ва мурофиаи судӣ оғоз шуд”, – нақл мекунад Фотима.
Ҳангоме ки ӯ ба утоқи кории судя даромад, додрас ҳайрон шуд, ки бо иштироки ҳимоятгари нобино чӣ гуна мурофиаро мегузаронад. Вақте Фотима ба ҳуҷҷат бо муҳри махсуси худ имзо гузоштанӣ мешавад, судя монеагӣ мекунад.
“Аз ман ҳуҷҷати тасдиқи ин муҳрро талаб кард. Ба судя фаҳмонидам, ки дар Тоҷикистон барои ин ягон ҳуҷҷат намедиҳанд ва ин айби ман нест… Мурофиаи судӣ 3 моҳ давом кард ва хушбахтона, он ба нафъи мо анҷом ёфт. Судя пас аз мурофиа гуфт, ки агар ба наздаш ягон шахси дорои маъюбият ояду адвокат надошта бошад, ҳатман пеши ман равон мекунад. Ӯ ҳатто бовар намекард, ки ин якумин мурофиаи ман буд”, – афзуд Фотима.
Таъсиси ташкилоти ҷамъиятии “Ноил”
Дар солҳои баъдӣ ҳамчунин ба ҳайси ҳуқуқшинос дар “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” ва Иттиҳодияи миллии ношунавоён кор кардааст.
Соли 2017 ӯ бо як гурӯҳ ҳамандешон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият “Ноил”-ро таъсис дода, роҳбарии онро ба зимма гирифт. Мақсади ин созмон расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони дорои маъюбият ва ҳимояи судии онҳо мебошад.
Ташкилот аз замони оғози кор то имрӯз ба зиёда аз 5000 нафар ёрии ҳуқуқии ройгон расонидааст. Худи Фотима Шамсуддинова дар беш аз 35 мурофиаи гражданӣ ба ҳайси ҳимоятгар ширкат варзида, тақрибан 20-тои онҳоро ба нафъи мизоҷонаш ҳал кардааст.
Сарчашмаи пирӯзӣ
“Ба шахсони дорои маъюбият муроҷиат карда, гуфтаниям: ҳамаи мову шумо метавонем ҳар мақсаде, ки дар пеш гузоштаем, бо кӯшишу заҳмати худ ба он ноил бишавем. Маъюбӣ охири ҳаёт, доғгузорӣ, ё ҷудошавӣ аз ҷомеа нест. Ҳеҷ вақт аз орзу ва ҳадафу ниятҳои худ даст накашед. Агар ба худ ва орзуятон бовар дошта бошед, ҳатман муваффақ мешавед, – бо итминон изҳор дошт Фотима. – Ҳамзамон ба аҳли ҷомеа гуфтаниям, ки шахси дорои маъюбият аз одами солим ягон фарқ надорад. Танҳо маъюбият дорад, ки он ба шахсият ва қобилияти ӯ дахл надорад. Дӯстӣ кардан ва оила барпо намудан бо шахсони дорои маъюбият боиси хиҷолат нест”.
Фотима оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст. Шавҳару кӯдаконаш маъюбият надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз нобиноӣ садди роҳаш нашудааст. Фотима нақша дорад, ки фарзандонашро ба камол расонида, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намояд. Дар ҷараёни фаъолияти касбияш мехоҳад, ки ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият таваҷҷуҳи бештар зоҳир бикунад. Ҳамзамон тасмим дорад, монанди худ адвокатҳоеро омода созад, ки самти асосии фаъолияти онҳо пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият хоҳад буд.
Саргузашти муваффақияти Фотима Шамсуддинова дар доираи маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо – тавоно!” нашр гардид.
Марҳилаи нави ин маъракаи иттилоотӣ бо мусоидати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) амалӣ мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбӣ, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад. Дар ҷараёни он силсилаи наворҳои иҷтимоии видеоӣ ва садоӣ, ҳамчунин матолиби мавзӯӣ барои нашр дар расонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва бознашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия шудаанд.
Таҳсилоти фарогир
Абдурраҳмони 9-сола дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе хондан, навиштан ва шумурданро ёд гирифтааст. Волидайну омӯзгорон аз пешравии ӯ хурсанд мебошанд. Абдурраҳмон дӯстони бисёр дорад. Ҳамсолонаш ӯро ҳурмат ва дастгирӣ мекунанд.
Силсилаи видеонаворҳои маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо – тавоно!” ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявии “Сафина” ва “Синамо”, ҳамчунин дар шабакаи минтақавии ТВ “Азия” (вилояти Суғд) намоиш дода мешаванд.
Дарси нав
Дар ин филми тасвирӣ саргузашти навбатии қаҳрамони дӯстдоштаи наврасону кӯдакон – Нозанин ва ҳамсинфони ӯ қисса мешавад. Онҳо дар вақти хониш аз фанноварии нави “Мактаб Мобайл” барои омодасозии дарсҳои худ истифода мекунанд.
Филмҳои тасвирӣ дар бораи ин духтари зебою доно ҳамарӯза дар Телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


