Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзи маъюбон ҳамасола дар Тоҷикистон 8-уми июл таҷлил мешавад. Мақсад аз он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили маъюбият, инчунин таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ барои шахсони маъюб мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдаконии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ду сол қабл – рӯзи 16-уми июли соли 2018 Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбиятро оғоз бахшиданд.

Ин маърака таҳти шиори “Ҳар яки мо – тавоно!” ҷараён гирифта, зимнан таъкид гардид, ки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистон барои субот, муттаҳидӣ ва инкишоф саҳми арзандаи худро гузошта метавонад. Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони маъюб, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбӣ, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.

Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки он барои дигаргуниҳои мусбат дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва сиёсат заминаи мусоид фароҳам оварда, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони маъюбро таъмин мекунад. Маъракаи мазкур ба дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон равона шудааст.

Ин маърака дар доираи “Барномаи миллии тавонбахшии шахсони маъюб барои солҳои 2017-2020” ҷараён гирифта, барои бунёди ҷомеаи фарогири иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Аз рӯйи натоиҷи маъракаи мазкур падид омадани чунин тағйирот интизор меравад:

• Дониши мардум оид ба маъюбият беҳтар шуда, тасаввуроти ғалат ислоҳ мешаванд;

• Дар зеҳни ҳамаи аъзои ҷомеа – кӯдакон, ҷавонон ва калонсолони бидуни маъюбият муносибати мусбат ба шахсони маъюб ташаккул меёбад;

• Ҷомеа мусоидат мекунад, ки бовари кӯдакони маъюб ба тавонмандии худ бештар шуда, онҳо бо фарогирии малакаҳои зарурӣ барои рушд имкон меёбанд;

• Муносибати манфӣ нисбат ба шахсони маъюб коҳиш ёфта, монеаҳое бартараф мешаванд, ки ба саҳмгузории онҳо дар ҳаёти ҷомеа халал мерасонанд;

• Қобилияти волидайни кӯдакони маъюб инкишоф ёфта, онҳо метавонанд дар бораи нигоҳубини беҳтари фарзандони худ берун аз муассисаҳои интернатӣ тасмим бигиранд.

Дар ҷараёни ин маъракаи иттилоотӣ матолиби гуногуни расонаӣ, аз ҷумла, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, наворҳои иҷтимоӣ, силсилаи мақолаҳо барои сомонаю рӯзномаҳо, инчунин саҳифаи мавзӯӣ дар Facebook таҳти унвони “Ҳар яки мо – тавоно!”, филмҳои тасвирӣ ва китобчаҳо барои кӯдакон, лавҳаю овезаҳо ва ғайра таҳия шуданд. Онҳо ба доираи васеи мухотабон дар Тоҷикистон тавассути телевизиону радиоҳои гуногуни давлатию хусусӣ, матбуоти даврӣ ва торнамою шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин зимни чорабиниҳо оид ба сафарбаркунии ҷомеа пешниҳод гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...