Боздиди муовини сарвазири Тоҷикистон аз беморхонаҳои ВМКБ

Дар давраи пандемияи коронавирус 1 ҳазору 63 нафар дар беморхонаи вилоятии ВМКБ ба табобат фаро гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафар бинобар доштани бемориҳои ҳамрадиф фавтиданд. Дар ин бора зимни сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид гардид. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва […]

Дар давраи пандемияи коронавирус 1 ҳазору 63 нафар дар беморхонаи вилоятии ВМКБ ба табобат фаро гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафар бинобар доштани бемориҳои ҳамрадиф фавтиданд.

Дар ин бора зимни сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид гардид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ин боздид аз 1 то 6 июл ҷараён гирифта, дар баробари шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар вилоят, гурӯҳи корӣ инчунин аз рафти табобату захираи маводи доруворӣ ва шароити будубоши маризон дар беморхонаи вилоятӣ шинос шудааст.

Зимнан гурӯҳи корӣ анборхонаи захираи маводи дорувории ин муассисаи тиббиро ҳам аз назар гузаронидааст. Гуфта мешавад, ки айни ҳол миқдори муайяни доруворӣ ва ниқобу дигар лавозимоти зарурии тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати ҶТ захира шуда, дар ин самт табибони вилоят мушкилоти ҷиддӣ надоранд.

Инчунин муовини сарвазир аз беморхонаи тиббии Оғохон боздид ба амал овардааст. Тазаккур дода шуд, ки дар рӯзҳои душвор кормандони ин шифохонаи сатҳи байнулмилалӣ дар қатори беморхонаи вилоятӣ ба муолиҷаи маризони COVID-19 сару кор гирифта, аз 16 майи соли ҷорӣ то кунун 116 нафар беморонро табобат карданд. Айни ҳол 7 кас зери назорати табибони ин беморхона қарор доранд, ки рӯзҳои наздик баъд аз шифо ёфтан ҷавоб хоҳанд шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.