Даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикистон

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл, дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба "Медгородок" аз бемории коронавирус табобат мешуд. Хабари дигргузашти Қурбонбӣ Раҳмоноваро дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳам нашр карда ва Ҳукумати  Тоҷикистон дар ин росто ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст.  "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл, дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба "Медгородок" аз бемории коронавирус табобат мешуд.

Хабари дигргузашти Қурбонбӣ Раҳмоноваро дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳам нашр карда ва Ҳукумати  Тоҷикистон дар ин росто ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст. 

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум –  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад".

Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар Данғара баргузор мешавад. 

Дар 20 рӯзи ахир ин дувумин шахси наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз бемории коронавирус вафот мекунад. 5-уми июл хушдомани президенти Тоҷикистон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева низ дар синни 88-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузашта буд. 

Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмуъмин Сафаров, раиси корхонаи давлатии "Ҷангал ва шикор" буд, ки моҳи июни соли 2012 дар назди хонааш кушта шуда буд. 

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.