Сели пурқурбонии Панҷакент: ҷасади 10 нафарро пайдо карданду аз 2 нафари дигарро мекобанд

Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, сел дар ҷамоати Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ҷони 10 нафарро гирифта, ба мардуми маҳаллӣ ва киштзору боғоти онҳо хисороти ҳангуфт расонидааст. Ҳамчунин 2 зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозӣ қурбонии ин офати табиӣ шудаанд. Аз ҷумла дар деҳаи Киштӯдаки ин ҷамоат, ки дар баландии 30 км аз маркази ҷамоат ҷойгир аст, […]

Asia-Plus

Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, сел дар ҷамоати Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ҷони 10 нафарро гирифта, ба мардуми маҳаллӣ ва киштзору боғоти онҳо хисороти ҳангуфт расонидааст. Ҳамчунин 2 зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозӣ қурбонии ин офати табиӣ шудаанд.

Аз ҷумла дар деҳаи Киштӯдаки ин ҷамоат, ки дар баландии 30 км аз маркази ҷамоат ҷойгир аст, 10 нафар зери сел монда, ки то имрӯз ҷасади 8 нафари онҳоро аз селобаҳо пайдо кардаанд ва кофтукоби ду ҷасади дигар давом дорад. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, наҷотдиҳандагони ин ниҳод ҷасади 8 нафарро пайдо кардаанду аз ду нафари дигарро мекобанд. 

Ҳамчунин ин сел, ҳайвоноти хонагии гуногуни сокинон ва чандин мошини сокинони ин ҷамоатро ҳам бурдааст. 

Ду зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрии Панҷакент қурбонии ин сел шудаанд, ки ҷасади онҳоро сокинони маҳаллӣ аз селобаҳо берун кашидаанд. 

То кунун дар бораи хисорот дидани 15 хона, киштзору боғҳо, 3 км роҳҳои маҳаллӣ ва 35 ҳайвоноти хонагӣ гузориш расидааст.

Дар вилояти Суғд бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, ҳамчунин ба ноҳияҳои дигар ҳам хисорот расидааст. Сел дар деҳаи Вашани ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, 4 км роҳро вайрон карда, 2 пули мошингузарро тахриб намуда, пояҳои хатти барқро низ ба бурда, 8 хонаи сокинонро қиман тахриб кардаву замину киштзорҳоро низ зарар додааст. Хушбахтона дар ин деҳа хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст. 

Дар деҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Пит ва Ревомутки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ сели рӯзҳои ахир  5 хонаро қисман вайрон кардаву 10 км роҳҳро тахриб намудааст. 

Дар деҳаҳои Ростровут ва Некти ноҳияи Деваштич низ 15 хона зарар дидаанд. Ҳоло ба гуфтаи КҲФ дар ҳамаи ин маконҳо комиссияҳо кор бурда истодаанд ва ба бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ машғуланд. 

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.