Гуфтушуниди дурӯзаи ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” дар Қатар натиҷае надод

Asia-Plus

Гуфтушуниди дурӯзаи ҳайати ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар раиси ҳайати гуфтугӯкунандаи гуруҳи "Толибон" дар Қатар бидуни натиҷае ба поён расид.

Пеш аз оғози ин музокирот умедвориҳо шуда буд, ки дар назар аст ҷонибҳо ба як тавофуқи қатъи оташбас барои семоҳ даст ёбанд. Аммо тавре сухангӯйи "Толибон" дар Твиттараш навиштааст, чунин тавофуқе ба даст наомад.

Ҳайатҳо пас аз тамоми шудани музокироти дурӯза, соати 10:30 шаби якшанбе ба вақти Қатар дар як нишасти хабарӣ баъзе паҳлуҳои  ин гуфтушунидашонро эълон карданд. Ин нишасти рӯзи ҷумъа дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар ин нишасти хабарӣ аввал сухан мекард, гуфт, ки музокирот дар ҳафтаҳои баъдӣ идома мекунад.  Ҳарчанд ду тараф дар ин нишасти хабарӣ дар бораи тавофуқҳояшон қузъиёти бештаре надоданд, аммо Муҳаммад Наим, сухангӯйи  "Толибон" дар Тиветтараш як эъломияи иборат аз 6 моддаро нашр карда ва гуфтааст, ки ду тараф барои идомаи музикрот тавофуқ карданд. 

Дар моддаи чаҳоруми ин эъломия омадааст, ки "тамоми тарафҳо итминон медиҳанд, ки дар сартосари Афғонистон аз зербиноҳои мулкӣ муҳофизат сурат мегирад. Аз талафоти мулкӣ ҷилавгирӣ менамоянд ва дар мавриди кӯмакҳоми башарӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба густариши  чашмгири вируси ҳамагири COVID 19 дар сартосари Афғонистон, тамоми иқдомоти муносибро барои кормандони воксинзанӣ анҷом хоҳанд дод ва аз ҳамлу нақли оксиген ва соири маводи зарурӣ ба шакли шафоф, барои табобати нафарони гирифтори беморӣ монеае пеш намеоранд".

Ҳамчунин таърихи дақиқи музокироти ҳайатҳои музокиракунанда маълум нест, ки онҳо кай ба идомаи музикрот  бармегарданд, танҳо гуфта шудааст, ки дар ҳафтаҳои баъдӣ музокиротро оғоз мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...