Шӯрои уламо: аз идгардак худдорӣ кунед ва гуруҳҳои осебпазир ба намоз нараванд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як Муроҷиатнома аз ҷидди будани бемории коронавирус ва сироятёбӣ ба он ҳушдор дода ва аз мардум хостааст, ки дар Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд.  Дар ин муроҷиатномаи Шӯрои уламо, ки дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст, тақозо шудааст, ки пиронсолону гурӯҳҳои осебпазир дар давраи хуруҷи дигарбораи коронавирус […]

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як Муроҷиатнома аз ҷидди будани бемории коронавирус ва сироятёбӣ ба он ҳушдор дода ва аз мардум хостааст, ки дар Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд. 

Дар ин муроҷиатномаи Шӯрои уламо, ки дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст, тақозо шудааст, ки пиронсолону гурӯҳҳои осебпазир дар давраи хуруҷи дигарбораи коронавирус ба масҷидҳо нараванд ва дар фикри таъмини саломатии худ ва дигарон бошанд. 

Дар ин муроҷиатнома ҳушдор дода мешавад, ки "шахсони пиронсол, ки гурӯҳи осебпазир маҳсуб меёбанд, инчунин онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, бояд қатъиян ба масҷид наоянд ва намозҳои худро дар хона адо намоянд. Шахсони солим низ бояд кӯшиш кунанд, ки худ ва аҳли хонаводаашонро таҳти хатари сироятёбӣ қарор надиҳанд ва то ба эътидол омадани вазъият зимни ба масҷид омадан аз эҳтиёт кор бигиранд. Бинобар сабаби баланд будани сатҳи гирифторшавӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, онҳо низ бояд ба ҳадди имкон ба ҷойҳои таҷаммуъи мардум, хусусан дар омадани ба масҷидҳо низ боэҳтиёт бошанд. Зеро, мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ штамми нави коронавирус аз штаммҳои қаблӣ бо дараҷаи баланди сирояткунонӣ фарқ мекунад",-гуфта мешавад дар ин муроҷиатнома.

Шӯрои уламо бори дигар ба риояи ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ даъват карда, ҳатто хостааст, ки шахсоне, ки ба масҷид меоянд "дастпӯшак пӯшанд".

Дар ин муроҷитанома таъкид шудааст, ки масъули масоҷид бояд бо дар назар гирифтани хатарҳо масҷидҳоро барои намозгузорӣ муҳайё кунанд, вагарна "эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки масҷидҳое, ки дар онҳо қоидаҳои беҳдошт риоя намегарданд, муваққатан баста шаванд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки худамон сабабгори баста шудани масҷидҳо ва аз ибодати дастаҷамъӣ дур мондани мардум нагардем".

Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, тавсия додааст, ки баро хондани намоз ба масҷидҳои марказӣ нарафта, онро мешавад дар масҷидҳои назди хонаҳо хонд.

Шӯро идгардакро яке аз хатарҳои сироятёбӣ ба беморӣ дониста, пешниҳод кардаат, ки ҳам хурсолону ҳам калонсолон аз он даст кашанд. "Одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд. Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд".

Шӯро ҳатто риояти ин муроҷиатномаро аз нигоҳи шаръи шарт шумурда ва аз мардум тақозо карааст, ки онро ба эътибор бигиранд.

Дар ин муроҷиатнома ҳамчунин аз мардум хоста шудааст, ки масъалаи воксинзаниро ҷиддӣ бигиранд ва дар эмин мондани салрматуии худу ҷомеа саҳм бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.