Афғонистон мунтазири оташбас бо “Толибон”: ҳайати баландпояе ба Қатар рафтааст

Ҳайати баландрутбае аз Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чанд дақиқа пеш аз Кобул ба Давҳаи Қатар рафтааст. Дар расонаҳои Афғонистон сару садоҳое расонаӣ шудааст, ки қарор аст ин ҳайат бо "Толибон" дар Давҳа як созишномаи семоҳаи оташбасро ба имзо бирасонанд. Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул менависад, ки Муҳаммадкарим Халилӣ, […]

Ҳайати баландрутбае аз Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чанд дақиқа пеш аз Кобул ба Давҳаи Қатар рафтааст. Дар расонаҳои Афғонистон сару садоҳое расонаӣ шудааст, ки қарор аст ин ҳайат бо "Толибон" дар Давҳа як созишномаи семоҳаи оташбасро ба имзо бирасонанд.

Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул менависад, ки Муҳаммадкарим Халилӣ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур, воли пешини Балх, Сайид Мансур Содот Нодирӣ, вазири давлат дар умури сулҳ,   Ботур Дӯстум, узви тими музокиротии Афғонистон ва фарзанди Абдурашид Дӯстум ва шуморе дигар чеҳраҳои сиёси шомили ин ҳайат мебошанд.

Пештар гуфта мешуд, ки Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр ҳам бояд дар ин ҳайат ба Давҳа мерафатанд, аммо Ҳомид Карзай аз сафар худдорӣ кардаасту далели нарафтани Ҳикматёр маълум нест. Аммо Карзай гуфтааст, ки аз ин ҳайат ҳимоят мекунад.

 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, қабл аз сафар дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ин ҳайат бо салоҳияти комил меравад ва умедвор аст, ки ба натиҷаҳое даст меёбад.

"Толибон" бояд аз ин фурсат истифода кунанд то ба дарду ранҷи мардум нуқтаи поён гузошта шавад",-гуфтааст Абдуллоҳ.

Абдуллоҳ гуфтааст, ки сулҳ дар даст ба даст шудани вулусволиҳо не, балки дар мизи музокирот ба даст меояд. 

Ҳарчанд дар нишасти хабарии пеш аз сафар дар мавриди созишномаи оташбас чизе гуфта нашудааст, вале гуфта мешавад, ки яке аз нуктаҳои асосии дидор имзои созишномаи оташбас аз рӯзи Иди Қурбон то се ё чор моҳи баъдӣ аст.

Дар мавриди ин ки яке аз нуктаҳои асосии ин дидор гуфтугӯ сари оташбас аст, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми июл дар Душанбе ҳам изҳори назар карда буд.

"Оташбас яке аз масъалаҳои ин нишаст хоҳад буд ва мо бар инем, ки пеш аз ин ки вориди ҷузъиёти гуфтугӯҳо шавем, хеле муҳим аст, ки бояд оташбас сурат бигирад ва ин хости мардуми Афғонистон аст"-гуфта буд Атмар. 

Вазири хориҷаи Афғонистон ҳадаф аз ин сафари ҳайати олирутбаро ин гуфта буд, ки "як бори дигар ҳайати мо ба “Толибон” мавзуъро рӯшан месозанд. Дуввум, ин ҳайат як бори дигар нақшаи сулҳеро, ки Афғонистон рӯи миз гузошта буд, таъкид мекунад. Ва мегӯянд, ки агар “Толибон” ягон нақшаи сулҳ доранд, бифармоянд ва агар сари нақшаи сулҳи мо мулоҳизоте доранд, ӯро анҷом бидиҳем".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.