Коронавирус дар Тоҷикистон: ошкор шудани 88 ҳолати сироят аз COVID-19 дар рӯзҳои истироҳат

Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар зиёд шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 125 нафар расид. Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 111 нафарро ташкил […]

Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 125 нафар расид.

Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 111 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 717  нафар ё худ 97,1%-ро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 58 нафар шифо ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ ҷараён дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон то 16 июл 421 ҳазору 832 нафар ваксинаи зидди коронавирус гирифта, 20 ҳазору 190 кас ҳар ду воя (доза)-и ваксинаро гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки 3 июл Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии сирояти нави COVID-19 ваксингирии шаҳрвандони синни аз 18-сола болоро дар Тоҷикистон ҳатмӣ эълон намуд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ аз ду ваксинаи зидди коронавирус – AstraZeneca ва CoronaVac истифода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.