Қирғизҳои бумии Афғонистон, ки аз тарси “Толибон” ба Тоҷикистон гурехта буданд, ба ватаншон баргаштанд

Тамоми қирғизҳои бумии Пимири Хурд ё вулусволии Вахони Афғонистон, ки рӯзҳои 13-14-уми июл аз тарси гуруҳи  ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор карда буданд, ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Неруҳои марзбонии Кумидаи давлатии амнити миллии Тоҷикистон дар як изҳорот хабар медиҳад. Ин шаҳрвандони Афғонистонро рӯзҳои 17-18-уми июл ба зодгоҳашон деҳаи Андемини Вахони Афғонистон баргардонидаанд. […]

Тамоми қирғизҳои бумии Пимири Хурд ё вулусволии Вахони Афғонистон, ки рӯзҳои 13-14-уми июл аз тарси гуруҳи  ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор карда буданд, ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Неруҳои марзбонии Кумидаи давлатии амнити миллии Тоҷикистон дар як изҳорот хабар медиҳад.

Ин шаҳрвандони Афғонистонро рӯзҳои 17-18-уми июл ба зодгоҳашон деҳаи Андемини Вахони Афғонистон баргардонидаанд.

Интиқоли онҳо дар пайи ин сурат гирифтааст, ки ҳукумати Афғонистон масъалаи таъмини амнияти онҳоро кафолат додааст.

"345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ки 13-14 июли соли ҷорӣ тавассути хати сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буданд, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт",- хабар додааст. маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.

Ин фирориён бар пайи баъд шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон ва ба дасти "Толибон" афтодани манотиқи зиёде ба Тоҷикистон омада буданд, ки теъдоди онҳо 91 мард, 77 зан ва 177 ноболиғ (64 писару 113 духтар) гуфта мешуд. Ҳангоми фирор ба Тоҷикистон ду кӯдаки хурдсоли ин фирориён дар роҳ вафот карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...