Даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикистон

Date:

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл, дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба "Медгородок" аз бемории коронавирус табобат мешуд.

Хабари дигргузашти Қурбонбӣ Раҳмоноваро дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳам нашр карда ва Ҳукумати  Тоҷикистон дар ин росто ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст. 

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум –  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад".

Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар Данғара баргузор мешавад. 

Дар 20 рӯзи ахир ин дувумин шахси наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз бемории коронавирус вафот мекунад. 5-уми июл хушдомани президенти Тоҷикистон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева низ дар синни 88-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузашта буд. 

Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмуъмин Сафаров, раиси корхонаи давлатии "Ҷангал ва шикор" буд, ки моҳи июни соли 2012 дар назди хонааш кушта шуда буд. 

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...