КҲФ: Тоҷикистон омода аст то 100 ҳазор гурезаи Афғонистонро бипазирад

Date:

Дар машқгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, ҳукумати Тоҷикистон айни замон ҳудуди 100 ҳазор нафар гурезаҳоро аз Афғонистон қабул ва ҷойгир карда метавонад.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати зарурат оянда Тоҷикистон боз бештар гурезаҳои афғонро пазируфта метавонад.

“Мо бо созмонҳои байнулмилалӣ имконоти ҷумҳуриро барои қабули гурезаҳои афғон омӯхӣа истодаем”, – иброз дошт полковник.

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик дар қаламравҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ барои нигаҳдории хайма, ҷиҳози хоб, воситаҳои беҳдоштӣ ва зарф барои гурезаҳои имконпазири афғон ду анбори махсус ба истифода дода мешавад.

Полковник хабар дод, ки моҳи июл 1 ҳазору 571 нафар гурезаҳо дар Тоҷикистон паноҳгоҳ дарёфтанд, ки аз ҳисоби ҳукумати кишвар бо ёрии тиббӣ, хаймаҳо барои иқомат, се бор хӯроки гарм, ҷиҳози хоб ва зарфу дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд.

“Ин гурезаҳо тариқи 14 парвози чартерии ҳавоӣ ба Ватанашон – шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд”, – илова кард Иброҳимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...