КҲФ: Тоҷикистон омода аст то 100 ҳазор гурезаи Афғонистонро бипазирад

Дар машқгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, ҳукумати Тоҷикистон айни замон ҳудуди 100 ҳазор нафар гурезаҳоро аз Афғонистон қабул ва ҷойгир карда метавонад. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати зарурат оянда Тоҷикистон […]

Дар машқгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, ҳукумати Тоҷикистон айни замон ҳудуди 100 ҳазор нафар гурезаҳоро аз Афғонистон қабул ва ҷойгир карда метавонад.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати зарурат оянда Тоҷикистон боз бештар гурезаҳои афғонро пазируфта метавонад.

“Мо бо созмонҳои байнулмилалӣ имконоти ҷумҳуриро барои қабули гурезаҳои афғон омӯхӣа истодаем”, – иброз дошт полковник.

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик дар қаламравҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ барои нигаҳдории хайма, ҷиҳози хоб, воситаҳои беҳдоштӣ ва зарф барои гурезаҳои имконпазири афғон ду анбори махсус ба истифода дода мешавад.

Полковник хабар дод, ки моҳи июл 1 ҳазору 571 нафар гурезаҳо дар Тоҷикистон паноҳгоҳ дарёфтанд, ки аз ҳисоби ҳукумати кишвар бо ёрии тиббӣ, хаймаҳо барои иқомат, се бор хӯроки гарм, ҷиҳози хоб ва зарфу дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд.

“Ин гурезаҳо тариқи 14 парвози чартерии ҳавоӣ ба Ватанашон – шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд”, – илова кард Иброҳимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.