Тайи 6 моҳ зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон беш аз 111 млн сомониро ташкил дод

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 299 ҳодисаҳои фавқулода ва ҳолатҳои дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳодисаҳои сабтшуда дар 38 ҳолат ба моликияту иншооти давлатӣ ва рӯзгори мардум зиён расонида шуд. Бар асари офатҳои табиӣ 23 нафар ҳалок шуданд: 9 – нафар ба асари селфароӣ, 7 нафар – […]

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 299 ҳодисаҳои фавқулода ва ҳолатҳои дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳодисаҳои сабтшуда дар 38 ҳолат ба моликияту иншооти давлатӣ ва рӯзгори мардум зиён расонида шуд.

Бар асари офатҳои табиӣ 23 нафар ҳалок шуданд: 9 – нафар ба асари селфароӣ, 7 нафар – фаромадани тарма, 5 нафар – лағжиши ярч ва 2 нафар – дар натиҷаи фаромадани кӯҳпораву сангреза.

Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 23 июл дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ зикр шуд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқлодаи табиӣ 337 манзил (140 – пурра ва 197 – қисман), 8 бинои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томакатабӣ, 3492,114 га заминҳои кишт, 41 пул ва 212,87 км роҳҳои мошингард осеб диданд.

Маблағи умумии зарари ба иқтисоди ҷумҳурӣ расонида зиёда аз 111 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ба оилаҳои осебдида бо масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, воситаҳои гигиенӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгор кумак карда шуд.

Дар Кумита зикр карданд, ки бо вуҷуди баргузории рейду санҷишҳои доимӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ аз ҷонии кормандони Кумита, муроҷиат тариқи телевизиону радио, дар иншооти обӣ одамон ғарқ мешаванд. Дар ин давра бар асари риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар иншооти обии кишвар 69 нафар (соли 2020 – 34 нафар) ғарқ шуданд.

Аз онҳо 9 нафар синни то 4-сола, 11 нафар – аз 5 то 10-сола, 17 нафар – аз 11 то 16-сола, 17 нафар – аз 17 то 35-сола ва 15 кас – синни аз 35 ва болотар аз он мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар қаламрави кишвар 1405 қитъаҳои хавфнок барои иқомат ба қайд гирифта шуда, дар ин минтақаҳо айни замон 766 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Зикр шуд, ки соли гузашта 1470 қитъаи хавфнок буд ва дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 66 хонавода дар саросари кишвар ба ҷойҳои амну бехатар кӯчонида шуданд.

Дар ВМКБ 308 қитъа, вилояти Суғд -293, Хатлон – 379, гурӯҳи ноҳияҳои Рашт – 183, гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор – 236 ва шаҳри Душанбе – 6 қитъа хавфнок арзёбӣ карда мешаванд.

Комиссияи байниидоравии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди кӯчонидани аҳолӣ аз қитъаҳои барои иқомат хавфнок корҳоро идома медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.