Коронавирус дар Тоҷикистон: 165 ҳолати нави COVID-19 ва афзоиши шумори фавтидагон

Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 165 нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 592 нафар расид. Давоми рӯзҳои 24-25 июл боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 117 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ […]

Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 165 нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 592 нафар расид.

Давоми рӯзҳои 24-25 июл боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 117 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 96  нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 132 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ аз ин беморӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, бемори душвортар ҷараён мегирад.

Дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр кардаанд, ки бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина ҳоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дастрас намуда, охири моҳи июн аз Чин ба Душанбе ба сифати кумаки башардӯстона 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда шуд.

Қаблан Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд аз Чин боз 3 млн вояи ваксинаи CoronaVac хариданист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.