Раиси Бохтар: “Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон кам нестанд”

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Бохтар роҳбарони бевиҷдон зиёданд.

Ба чунин изҳорот саволи журналистон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва як қатор нуқтаҳои хӯроквории шаҳр боис шуд. Ва вақте ки Сиҷоуддин Саломзода дархост намуд, ки ин масъаларо сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳр шарҳу тавзеҳ диҳад, маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ҳамзамон раиси шаҳр зикр кард, ки дарвоқеъ ҳам дар Бохтар бобати риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ мушкилот вуҷуд дорад ва “ба ин масъала ҷиддӣ мебояд машғул шуд”.

“Мутахассисони маркази санитариву эпидемиологӣ худашон масъулият ҳис намекунанд. Онҳо риоя накардани меъёрҳоро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддӣ сарукор намегиранд ва корро то ба охир намерасонанд. Дигар хел муносибат лозим аст: вақте қонуншиканиро ошкор намудӣ, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд, то ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вақте як бору ду бор камбудиҳоро бартараф накард, маводро ба прокуратура пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо ба чунин қонуншиканиҳо расидагӣ кунанд”, – илова намуд раиси шаҳри Бохтар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...