Раиси Бохтар: “Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон кам нестанд”

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Бохтар роҳбарони бевиҷдон зиёданд. Ба чунин изҳорот саволи журналистон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва як қатор нуқтаҳои хӯроквории шаҳр боис шуд. Ва вақте ки Сиҷоуддин Саломзода дархост намуд, ки ин масъаларо сардухтури маркази […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Бохтар роҳбарони бевиҷдон зиёданд.

Ба чунин изҳорот саволи журналистон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва як қатор нуқтаҳои хӯроквории шаҳр боис шуд. Ва вақте ки Сиҷоуддин Саломзода дархост намуд, ки ин масъаларо сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳр шарҳу тавзеҳ диҳад, маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ҳамзамон раиси шаҳр зикр кард, ки дарвоқеъ ҳам дар Бохтар бобати риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ мушкилот вуҷуд дорад ва “ба ин масъала ҷиддӣ мебояд машғул шуд”.

“Мутахассисони маркази санитариву эпидемиологӣ худашон масъулият ҳис намекунанд. Онҳо риоя накардани меъёрҳоро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддӣ сарукор намегиранд ва корро то ба охир намерасонанд. Дигар хел муносибат лозим аст: вақте қонуншиканиро ошкор намудӣ, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд, то ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вақте як бору ду бор камбудиҳоро бартараф накард, маводро ба прокуратура пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо ба чунин қонуншиканиҳо расидагӣ кунанд”, – илова намуд раиси шаҳри Бохтар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.