Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 июл ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокати шумори зиёди аҳолӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳо барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 июл ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокати шумори зиёди аҳолӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид”.

“Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки бар асари боришоти шадид ва обхезиҳо дар вилояти Хэнани Чин 69 нафар фавтида, қариб 13 млн нафар дар минтақаи офат қарор доранд.

Муовини раиси Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Ли Чансюн изҳор доштааст, ки то ин дам 1,47 млн нафар аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда, зиёда аз 157 ҳазор нафар ба ёрии таъҷилӣ ниёз доранд ва 5 кас бедарак шудаанд.

Гуфта мешавад, зиёни расида аз ин офати табиӣ то ҳозир аллакай 71,52 млрд юан (11,03 млрд доллар) арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.