Раиси Левакант: “ТоҷикАзот” соли оянда ба кор медарояд”

Молики нави корхонаи “ТоҷикАзот” – ширкати “Осиё Кемикал” қарз аз маоши коргаронро ба маблағи 1 млн сомонӣ пардохт намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода хабар дод. “Молики нави корхона – ширкати “Осиё Кемикал” ба таъмиру бозсозӣ ва омодагӣ барои ба кор даровардани корхона оғоз намуд. Онҳо […]

Сайраҳмон Назриев, Aaia-Plus

Молики нави корхонаи “ТоҷикАзот” – ширкати “Осиё Кемикал” қарз аз маоши коргаронро ба маблағи 1 млн сомонӣ пардохт намуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода хабар дод.

“Молики нави корхона – ширкати “Осиё Кемикал” ба таъмиру бозсозӣ ва омодагӣ барои ба кор даровардани корхона оғоз намуд. Онҳо қарз аз маошро ба маблағи зиёда аз 1 млн сомонӣ (қарзи умумӣ аз маош – 6 млн сомонӣ) ва  инчунин қарз аз андозро ба маблағи қариб 15 млн сомонӣ пардохт намуданд”, – иброз дошт Давлатзода.

Зимнан зикр шуд, ки аллакай 200 нафар коргарон ба корхона баргаштаанд.

“Тибқи нақша, корхона соли оянда ба кор даромада, дар он зиёда аз 1 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд”, – илова намуд Заррина Давлатзода.

Таърихи корхона

Бояд гуфт, ки ОАО “Азот” як корхонаи азими истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзист, ки ҳанӯз солҳои 60-70 уми асри гузашта даврони Шӯравӣ сохта шудааст ва бештар бо номи “ТоҷикАзот” машҳур буд.  Ин корхона қаблан бо гази табии Узбакистон фаъолият мекард, вале баъди мушкил шудани муносибатҳои Тоҷикистон Узбакистон интиқоли газ аз Узбекистон қатъ гардид, ки дар натиҷа корхона аз фаъолият бозмонд.

Баъдан ин ширкатро вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруфи зиндонӣ Зайд Саид бо як шарики тиҷоратии укроинияш харид, аммо баъди ба вуҷуд омадани қазияҳои Зайд Саид давлат ин корхонаро дубора бозпас гирифт.

Соли 2016 ширкати чиннӣ «Хэнан Чжун-Я” хост корхонаро бо истифода аз ангишт ба кор дарорад, вале бо сабабҳои номаълум аз идомаи корҳои азнавсозӣ даст кашид, ки дар натиҷа шартномаи онҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон бекор карда шуд.

Баъди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуди овардан, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт корхонаро ба фурӯш гузорад ва онро бо гази табии Узбекистон ба кор андозад. Лӯлаи газе, ки қаблан ин корхонаро бо газ таъмин мекард тариқи Душанбе-Хуросон- Бохтар- Левакант кӯҳнаю фарсуда шуда аз фаъолият боз мондааст.

Аз ин хотир ҳукумат тасмим гирифтааст, ки аз лӯлаи газе, ки то ноҳияи Ёвон омадааст ба шаҳри Левакант онро идома дода, корхонаро бо газ таъмин кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.