Тоҷикистон ба истеҳсоли ИВЛ оғоз мекунад: “5 кг аст, дар ҷаҳон назир надорад”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ)-и шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд. Он аз ҷониби кормандони дафтари тарроҳӣ (бюрои конструкторӣ)-и Академияи илмҳои кишвар таҳия шуд.

“Дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар пойгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт”, – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Тоҷикистон комилан ба нишондиҳандаҳои меъёрии чунин навъи дастгоҳҳо ҷавобгӯ аст.

"Дастгоҳ бо нерӯи барқ ​​кор карда, вазнаш 5 кг ва дар ҷаҳон собиқа надорад", – иброз дошт Раҳимӣ.

Аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуши истеҳсоли Тоҷикистон аллакай дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Душанбе насб шуда, барои сабук кардани нафасгирии беморон истифода мешавад.

Раҳимӣ гуфт, ин дастгоҳ дар давоми як соли пас аз ихтироъ таҷдид шуда, ҳоло дар баробари нафасдиҳии сунъии шушҳо, метавонад сатҳи оксигенро дар хун ва инчунин ҳолати дили беморро муайян кунад.

Академик Раҳимӣ зикр кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад истеҳсоли силсилавии дастгоҳҳоро ба роҳ монад.

"Барои сохтани чунин дастгоҳи истеҳсоли Тоҷикистон, ба ворид кардани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа ниёз нахоҳад буд, зеро он пурра аз воситаҳои техникии дар худи кишвар истеҳсолшаванда васлу насб мешавад", – илова намуд Раҳимӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...