Тоҷикистон ба истеҳсоли ИВЛ оғоз мекунад: “5 кг аст, дар ҷаҳон назир надорад”

Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ)-и шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд. Он аз ҷониби кормандони дафтари тарроҳӣ (бюрои конструкторӣ)-и Академияи илмҳои кишвар таҳия шуд. “Дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар пойгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт”, […]

Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ)-и шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд. Он аз ҷониби кормандони дафтари тарроҳӣ (бюрои конструкторӣ)-и Академияи илмҳои кишвар таҳия шуд.

“Дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар пойгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт”, – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Тоҷикистон комилан ба нишондиҳандаҳои меъёрии чунин навъи дастгоҳҳо ҷавобгӯ аст.

"Дастгоҳ бо нерӯи барқ ​​кор карда, вазнаш 5 кг ва дар ҷаҳон собиқа надорад", – иброз дошт Раҳимӣ.

Аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуши истеҳсоли Тоҷикистон аллакай дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Душанбе насб шуда, барои сабук кардани нафасгирии беморон истифода мешавад.

Раҳимӣ гуфт, ин дастгоҳ дар давоми як соли пас аз ихтироъ таҷдид шуда, ҳоло дар баробари нафасдиҳии сунъии шушҳо, метавонад сатҳи оксигенро дар хун ва инчунин ҳолати дили беморро муайян кунад.

Академик Раҳимӣ зикр кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад истеҳсоли силсилавии дастгоҳҳоро ба роҳ монад.

"Барои сохтани чунин дастгоҳи истеҳсоли Тоҷикистон, ба ворид кардани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа ниёз нахоҳад буд, зеро он пурра аз воситаҳои техникии дар худи кишвар истеҳсолшаванда васлу насб мешавад", – илова намуд Раҳимӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.