Вазири хориҷаи Тоҷикистон: Масъалаи баргашти марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нест

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки масъалаи баргашти марзбонони Русия барои ҳимояи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон матраҳ нест ва ин мавзуъ шомили дастури кори ҳамкорҳои низомии ду кишвар намебошад. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон ва ба дасти гуруҳи “Толибон” афтодани […]

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки масъалаи баргашти марзбонони Русия барои ҳимояи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон матраҳ нест ва ин мавзуъ шомили дастури кори ҳамкорҳои низомии ду кишвар намебошад.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон ва ба дасти гуруҳи “Толибон” афтодани бештари манотиқии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон, мо бо Русия дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СПАД ҳамкориҳо дорем ва идома медиҳем.

“Ҳоло мушовирони низомии Русия дар бахши марзбонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва кор мекунанд, аммо мавзуъи баргашти марзбонони он кишвар ба марзҳои мо матраҳ нест. Ҳарчанд ҳамкориҳои низомии мо бо Русия яке аз бахшҳои асосии равобити моро бо ин кишвар ташкил медиҳад”,-гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

То соли 2005 марзи наздик ба 1400 км Тоҷикистон бо Афғонистонро марзбонони Русия муҳофизат мекарданд.

Дар ин авохир дар матбуоти Русия ва дар доираҳои коршиносии ин кишвар, пас аз баъд шудани авзои амниятӣ  даъватҳое садо медиҳанд, ки Русия бояд марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.