Президенти Тоҷикистон дар маросими савгандёкунии раисҷумҳури Эрон ширкат карда наметавонад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлиф ё савгандёдкунии расиҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон мусодиф омадааст. Маросими савганди Раисӣ 5-уми августи соли 2021 баргузор мешавад, ки дар ин вақт Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Ашқобод хоҳад буд, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлиф ё савгандёдкунии расиҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон мусодиф омадааст.

Маросими савганди Раисӣ 5-уми августи соли 2021 баргузор мешавад, ки дар ин вақт Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Ашқобод хоҳад буд, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи вазорат.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

“Аммо сарфи назар, албатта Тоҷикистон дар ин маросими савганди раисҷумҳури ин кишвари бо мо бародар ширкат мекунад. Аз Тоҷикистон дар ин маросим раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат мекунад. Интизор меравад, ки дар ҳайат дигар намояндаҳо ҳам бошанд”.

Иброҳим Раисии 60-сола, дар интихоботи рӯзи 19-уми июни соли 2021 аз миёни 7 номзад, тавонист бо ба даст овардани 62 дар сади орои мардуми Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвар интихоб шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, баъди пирӯзӣ, зимни паёми табрикӣ ба Иброҳим Раисӣ гуфт, ки "Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд ва мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.