Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 57,7 млн сомонӣ расидааст

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора имрӯз, 28 июл, дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод. Бино ба иттилои вазир, шумораи нафароне, ки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон аз онҳо қарздор мебошанд, 14080 […]

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора имрӯз, 28 июл, дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Бино ба иттилои вазир, шумораи нафароне, ки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон аз онҳо қарздор мебошанд, 14080 нафарро ташкил дода, кормандони 75 корхона мебошанд.

Амонзода гуфт, ки қарзодорони асоси музди меҳнат дар кишвар корхонаҳои азими саноатӣ ҳастанд, ки қарздории меросӣ доранд. Ба таъкиди ӯ барои бартараф намудани қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат зина ба зина чораҳо андешида шуда истодаанд.

– Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷаласаҳои гузаронидашудаи ситодҳои сайёри вазорат наздики 10 ташкилоту муассиса қарзҳояшонро пурра бартараф намуда, 13 ташкилоту муассисаи дигар қарзи музди меҳнатро кам намуданд,- гуфт Амонзода.

10 корхонаи бузурги қарздор кадомҳоянд?

Ба суоли “Азия плюс” дар бораи 10 корхонаи калони қарздор аз музди меҳнат, сардори хадамоти назҳорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дустмурод Муродзода гуфт, ки дар байни онҳо ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСФ “Сохтмони асосии ҶСК НБО Роғун”-и ноҳияи Файзобод ҳам ҳаст, ки ба ҳолати 1 июни соли равон якуми 5,5 млн сомонӣ ва дуввумӣ 3,2 млн сомонӣ қарзи музди меҳнат доранд.

Ҳамин тариқ, қарздории музди меҳнат дар ҶСК “Тоҷикнақбсоз” 1,5 млн сомонӣ, ҶСК “Азот” 6 млн сомонӣ, ҶСК “Тамохуш” 2,4 млн сомонӣ, ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”-и шаҳри Исфара 12,7 млн сомонӣ, КВД “Ширкати алюмини тоҷик”-и ноҳияи Ҳисор 10,6 млн сомонӣ, ҶДММ “Биносоз” 1,4 млн сомонӣ, ҶДММ “Талко Кемикал”-и Леваканд 2,9 млн сомонӣ ва КДФ “Кони ангишти Назарайлоқ” 573,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.