Ба сокинони Суғд тавсия дода шуд, ки шумораи меҳмононро дар тӯйҳо кам кунанд

Asia-Plus

Ҳукумати вилояти Суғд ба сокинон тавсия медиҳад, ки шумораи меҳмонони тӯйро то ҳадди имкон кам кунанд.

“Бо вуҷуди мавҷи нави паҳншавии коронавирус, тӯйҳо тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ, ки соли 2020 қабул шудааст, баргузор мешаванд, саҳеҳтар, тӯйҳоро бо ҳузури 100 нафар ва бо риояи қатъии ҳама чораҳои эҳтиётӣ гузаронидан мумкин аст. Лекин зикр карданиям, ки раҳбарияти вилоят ба кормандони сохторҳои масъули баргузории ҷашну маросимҳо дастур додааст, ки ба сокинон тавсия диҳанд, то ки ҳадди имкон шумораи меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниҳоро кам кунанд”, – хабар дод зимни нишшасти матбуотии рӯзи 28 июл мутахассиси шуъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят Аюб Саъуллозода, иттилоъ медиҳад Sugdnews.

Дар паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Қурбон низ дар бораи кам кардани шумори меҳмонон дар маросимҳо сухан рафта буд.

“Зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем”, – таъкид дошта буд раиси вилоят дар паёми табрикии худ.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон қарори иҷозаи иштироки 100 нафарро дар тӯй ва маъркаҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ бо назардошти беҳбуди вазъияти санитариву эпидемиологӣ қабул карда буд.

Пеш аз қабули ин қарор ба иштироки на бештар аз 30-40 нафар меҳмонон дар тӯй ва маъракаҳо иҷоза буд.

Моҳи апрели соли гузашта бошад, баргузории маросимҳои тӯй муваққатан боздошта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...